Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Эй нози ту дар сина чун нози Худо шишта,
Овози ту паҳлўйи овози Худо шишта.
Эй қомати ту такяи гардуни муҳаббат,
Хуршеду маҳат ширгари хуни муҳаббат.
Сўи ту кунад саҷда биҳиште зи дарунат,
То аз ту шавад сабз чу қонуни муҳаббат.
Онон ки ба васфи кубаро васвасаҷўшанд,
Дар сояи номи кубаро омфурўшанд.
Номе набаранд омтар аз носфурўшон1,
Во карда даҳанҳо пайи ном арчи чу гўшанд.
1 Насвор.
ҒАЗАЛҲО
Дарду ранҷи зиндагӣ буд гарчи бори модарам,
Зиндагониро надидам ғамгусори модарам.
Риштаҳое канда-канда, боз баста аз нафас,
Сохт гўё зиндагонӣ баҳри дори модарам.
Хорзори дард буд рўида дар ҷисми гулаш,
Сўи мо гулханда мезад гулнисори модарам.
Бўсаи гул бар ҷабину тоқии гул бар сарам,
Гул ба гул парвард, то буд рўзгори модарам.
Рўҳи покаш гулнишин ояд ба боғи осмон,
Гул бипўшонам Замин аз гулхумори модарам.
БАРОИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Ту ки сар халида будӣ ба даруни зиндагонӣ,
Чӣ сабот дида будӣ зи буруни зиндагонӣ?
На зи ваҳшати бурунҳо зи чакидани дарунҳо,
Лаби дил шудӣ ба санги таби хуни зиндагонӣ.
Паи мансаби худоӣ на шаҳиди карбалоӣ,
Карбалои хона дидӣ зи нагуни зиндагонӣ.
Қадаған гирифт дилро, ману ман гирифт дилро,
Ишқро фурў наҳиштӣ чу забуни зиндагонӣ.
Бўсаат зи нури боло шишта буд ба тахти лабҳо,
Бикашид боди мўяш ба суруни зиндагонӣ.
Қалами хаёли борик пайи равони тоҷик,
Ки ниҳоди ў нишонад чу сутуни зиндагонӣ.
Чу зи пушти Зардуҳиштӣ ҳамаро ба нур куштӣ,
Зи ту кай буруна афтад марафуни зиндагонӣ.
ФИРДАВСӢ
То ҷаҳон дар карони Фирдавсист,
Рустами ҷовидони Фирдавсист.
Ту чӣ ҷўӣ нишони Фирдавсӣ?
Ин ҷаҳон бойгони Фирдавсист,
Ориён гарчи садзабон имрўз,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё