Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ба як мў ҷудо нест аз ҷони мо,
Чу меҳмони масте ҷудо меравад.
Ба мо ҳар нафасро худоӣ кунад.
Чу рўҳе, ки назди Худо меравад,
Чи зебо бизояд ҳавасҳои мо,
Худ, аммо, ҳавас зери по меравад.
Дили мо кунад нав ба сад ишқи нав,
Куҳанрў, куҳанмоҷаро меравад.
Биёзои мову биравзои мо,
Ҳаёзои мо беҳаё меравад.
Хатоҷои мову хаторои мо,
Хатопои мо бехато меравад.
Вуҷуде Зиёрезу зулматнавоз,
Кашӣ то нафас бе Зиё меравад.
Чашми шумо кушояд гар чашмаҳои бўса,
Комак занад чу кўдак сарчашмаҳои бўса.
Аз ташнагӣ кушояд лаб ширмоҳии лаб,
То резад оби оташ оташкушои бўса.
Дар зери мавҷи гесў ларзад кафи сафедор9
Аз рашки шонагиря ларзад сарои бўса.
Хўрдаст силии нағз аз гўшмоҳии гўш.
Дар мавҷкўби сина бишкаста пои бўса.
Дар шўри худ намакҷў дунё чи бенамак монд
Фирдавс бонамак шуд ин ҷо барои бўса.
БА РЎҲИ ШОДИ ТАҒОЙМУРОДИ ХУШВАҚТ
Гўшем, ки шунида наво аз гулўи субҳ,
Чашмем, ки кушода даҳон то сабўи субҳ.
Кай дидаанд субҳ сарояд ба тўи халқ,
Мо дидаем субҳсарое ба тўи субҳ.
Ношустарў надида касе офтобро,
Кафи сафедор – киноя аз шонаи даст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё