Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ин тифли шўх сар бадар орад зи ҷўи субҳ.
Раққосаҳо бубин, чи фалакпеч мераванд,
Хуршедвор дар дили шабҳо ба рўи субҳ.
Гулғунчаҳо шукуфта лаби ҷўи торҳо,
То бо димоғи гўш кашӣ атру бўи субҳ,
Нодида кас ки субҳ ба зулмат фурў равад,
То субҳи сина субҳи қадамзан зи сўи субҳ.
Аз ишқ чи тарсем, ки мо зодаи ишқем,
Дар ҷоми ҷаҳон афшураи содаи ишқем.
Андешаи мо маст кунад ҳарду ҷаҳонро,
Соқист Худованду худододаи ишқем.
Чун айбу савоб аст ду пистони муҳаббат,
Мо ширмаки модари сарводаи ишқем.
Ҳам ақл бар ў кўдаку ҳам нафси тапишкеш,
Як экизакангехтаи бодаи ишқем.
Дўзах зи куҷо, ҳаст агар, зодаи тарс аст,
Мо дар ду биҳиштем, ки озодаи ишқем.
Эй хушкҳоро карда тар оби даҳони сабзи ту,
Аз санги кўҳ то ранги рўҳ ҷўшида кони сабзи ту.
Дар нур дилҳо дидаам, аз нур гулҳо чидаам.
Аз ҷон ба ҷон рўидаам рў сўйи ҷони сабзи ту.
Он кас ки гулро бўса гуфт аз хок ҳам ишқе шунуфт
Садранг аз ранге шукуфт з-оби забони сабзи ту
Парчамкашони тўдаҳо парчам шуда бар рўдаҳо,
Якпо чу парчам побаҷо, ҳайрони они сабзи ту.
Гулҳо қадаҳ бардошта ҷони Заминро бесухан,
Масти майи ишқи туву ҳушёри хони сабзи ту.
Эй чашмҳоят лонаи ишқи худойии дилам,
Мурғи биҳиштии лабат боли садойии дилам.
Кафтаркушони ишқро хандад анори синаат,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё