Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Даст бишў, пой бишў, ҷон бишў,
Чашми сар аз реги биёбон бишў.
Хори таассуб бикан аз чашми дил,
Сўи ҳунар дидаи имон бишў.
Марди раҳи ишқ аҷаб камнамост,
Барф бигиру дили мардон бишў.
Оила хоҳӣ сари заҳмат нишин,
Дил зи ҳавасҳои парешон бишў.
Лек агар ишқ биҷўшад ба дил,
Гў ба ҷигар: «Дасти дил аз ҷон бишў!»


Бонге, ки дил шунида дар шабнишини бўса,
Бигзошта даҳанво Ҷоми Ҷамини бўса.
Гулчин чӣ нозад аз дил, ёбад, ки хор чидаст.
Ногоҳ чашмаш афтад дар гўшачини бўса,
Садбарг руста ҳар ҷо дидаст рўи хуршед,
Хуршед дар ту рўяд бинӣ ҷабини бўса,
Оташгирифта ёбӣ сар то сари ҷаҳонро.
Дар хоб бишнавӣ гар бонги маҳини бўса,
Аз боди бангу бода пажмурда лолаи дил.
Наврўзи Ҷам дамида аз ёсамини бўса.
Миранд порасозон динҳо ҷаҳон ба кина,
Якпорадори дунё ҷовид дини бўса.
Дар боғи зиндагонӣ ҳастит ин қадар буд.
Дар байни ду хамўшӣ як бонги ҳини бўса.


Дунё ҳама девона, мо низ яке ин ҷо.
Афгонаи афсона, мо низ яке ин ҷо.
Аз ман-манияш гўӣ дар курсии маҳ шишта,
Аз хеш чӣ бегона, мо низ яке ин ҷо.
Хуршед шатак дорад, маҳтоб патак дорад.
Бандад ба даме чона, мо низ яке ин ҷо.
Ишқаш ба даҳан мирад, нозаш ба бадан мирад,
Ёбад кафане ё на, мо низ яке ин ҷо.

пешина
аз 186
навбатӣ