Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Гарданфарозӣ мекунад сўйи ҳавойии дилам.
Риндии дарё мебарад чашми маро то чашми ту,
Дар доманат риндии гул доманкушойии дилам,
Сўфии сабза аз тайи поям дуойи сабз дод,
То сўйи ҷонат бар шавад дасти дуойии дилам.
Борон ба зону мезанад саҷҷода дида синаам,
Эй ту намози зиндаи боронсаройии дилам.
Ин лабмусулмонони нав ғавғойи нав бикшодаанд,
То дилмусулмони куҳан дин дар гарав бикшодаанд.
Дар ғорҳои рози Ҳақ чашмони динам кўр шуд,
Чашми даҳони динашон кўҳи палав бикшодаанд.
Дарди халоиқ нони ман шуд рўзу шаб дар хони ман,
Аз мағзи наврасҳо ба хон ҳалвойи ғав бикшодаанд.
Ҷустам Худо аз хони дил, инон зи хони одамон,
Ирфони ширинкулчаро дандоншунав бикшодаанд.
Ман сўйи виҷдон медавам, инон ба дуллар медаванд,
Сўйи хиёнат бар Ватан пайгоҳи дав бикшодаанд.
Бар ҷони мактаб тохта, кашфу амал андохта,
Бар илми ҷони зиндагӣ сад марги рав бикшодаанд.
Ҳар ғарбӣ аз илму ҳунар як бомба нарх ороста,
Инон зи ҷони тоҷикон бозори ҷав бикшодаанд.
Гардунфурўшишон қариб афканда будам безамин,
Бо Мавлавӣ ман най занам, барги ғарав11 бикшодаанд.
Зардуштро дур аст раҳ, Зурвон, биё, диншон бишў,
Аз нур доман вокашон сўйи алав бикшодаанд.
Бэкон зи сўфйии Шарқ, илми амал омўхт лек,
Моро зиёӣ з-он сафо торикшав22 бикшодаанд.
Бўса, ки хоҳӣ лабу дандон бишў,
Зулф бишў, куртаи алвон бишў,
1 Барги ғарав – а) барги гиёҳи маълум, б) навъ аз харбуза.
2 Торикшаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё