Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз хубии ту хубӣ болои замин сабзад,
Сад хубтар аз хубӣ рў мезанад аз роят.


Дуогў бо лаби гулҳойи Наврўз,
Равам сўи ту, эй зебойи Наврўз.
Ки Наврўзи гули ишқи ту зода,
Зи дунёи дилам дунёи Наврўз.
Замин пойи гул андар лаб ниҳода,
Фалакро менавозад нойи Наврўз.
Камонханди арўси осмон рехт,
Ба шоҳи беқасабболойи Наврўз.
Замини чашм шуд гардун саропо
Ки омўзад заминпарвойи Наврўз.
Зи зардуштӣ ба мавлойӣ расидем,
Чу сўфӣ ғарқаи дарёйи Наврўз,
Надидам сўфие наврўтар аз ў,
Чӣ худрўяст Мавлонойи Наврўз.
Магў гулнозии мо бозии тифл,
Ҷаҳон тифл аст бар момойи Наврўз.


Аз нури ту асое дар дасти дил фитода,
Чун осмонам ин ҷо, бетакяе ситода.
Андешаам қароре хуршедваш надорад,
Чун тифли хандарўям бо пухтаву ба сода.
Ширин кунам ҷаҳонро бар чашми талхбинон,
Чашме, ба умри ширин, кам кас ба худ кушода.
Дар худ надида нуре хуршед ҷўяд аз мо
Барги дарахт бино з-ин чашми сурмадода.


Ман, ки болотар аз ишқам, ишқ ояд сўйи ман,
Медавад сўйи дили ман то биёбад рўйи ман,
Хўйи дил ёбад ба хўяш хандаи рўям занад,
То ба ҳам якрўй созад рўйи ман бо хўйи ман.

пешина
аз 186
навбатӣ