Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сўйи худёбӣ занад зин ақли шаттоҳ ишқро, Бо яке маҳмез кўбад ақлро паҳлўйи ман:
– Он буроқишин чи пас монд аз саманди рўҳи ман Бин буроқи шаттахоре аз саманди ҳуйи ман…


То ишқи зиндаи ту дар дил гирифта хона,
Афтода «ҳарфи қудсӣ» чун мурдаи фасона.
Болораве чу худро ҷуз худ саде набинӣ,
Тарсондан аз Худо ҳам будаст як баҳона.
Будан миёни мардум дар худ Худо шудан буд,
Ҳайвон шумурда мардум худро ғалатравона.
Инкори ҳусни олам инкори ҳусни ҳақ шуд,
Бар ҳусни худ чӣ тозам чун тозии замона.


Замин чун қатрае дар ҷўйи Кайҳон,
Фалак баҳрест оламшўйи Кайҳон.
Замин чӣ, осмон гар афтад аз по,
Куҷо ҳам мехўрад абрўйи Кайҳон.
Чӣ менозӣ аз ину они олам?
Ки олам заррае дар кўйи Кайҳон.
Чӣ мелофӣ ту аз анҷоми дунё,
К-аз оғозаш наёбӣ бўйи Кайҳон.
Нишинӣ рў ба рў рўяш набинӣ
Ба сўят гарчи хандад рўйи Кайҳон.
Ғалат ҷўӣ аз ин баҳру зи худ не,
Куҷо пай мебарӣ аз хўйи Кайҳон.


Ишқ дар синаву сад дар бизанам: – Ишқ куҷост?
Мў ба мў ишқаму ҳарфи даҳанам: – Ишқ куҷост?
Заррае ку, ки дар ў ишқ чу дил дил назанад,
Аз тани дилшуда пурсам ки: – Танам, ишқ куҷост?
Ишқи ман гиря кунад, к-аз тани ту сўхт танам,
Тан аз ў пурсаму аз сўхтанам, ишқ куҷост?

пешина
аз 186
навбатӣ