Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Шаҳрванди ду ҷаҳон шишта ба як хонаи ишқ,
Сари хунрезии ҳам, ки Ватанам, – ишқ куҷост?
Ман зодаи фарзанди сабзи фалаки дурам,
Аз модари танҳои дарширкаши нурам.
Нур аст, ки зояд хун, нур аст, ки зояд об,
Аз ин ду замини дил шўрид, ки мешўрам.
Он ҷо падарам кар шуд, шуд модарам ин ҷо гунг,
Дигар чӣ аҷаб дорӣ гар ман писаре кўрам.
Бе ман натавон пайваст, аз ман натавон барҷаст,
Гар мурда кафи гардун ё зиндаи даргўрам.
Шўранд зи бекорӣ бе ман ба сари Яздон,
Ҷибрилу Азозилу африштаву он ҳурам.
Парчам бикунад боло бар зидди Худо Шайтон:
– Бе лухтаки одам чун машғул шавад зўрам?!
Он гуна ки кирми ях боз об шавад дар каф,
Ман низ шавам дарё пайваста ба Мансурам.
Хаёли ту заврақнишини гули ноз,
Чи парво зи тўфони найсони дилбоз.
Димоғи фалак мастии сўфӣ бурд,
Ба чарҳидани ҷовидони заминсоз.
Занад кўзаи ғунчаи май сари худ,
Ба санги дили боди берунзани роз.
Шикастан, шикастан ба ҷуз дил, ба ҷуз дил,
Гусастан, гусастан ҷуз аз бўсаи ноз.
Давидан, давидан шабистонкушоӣ
Раҳидан, раҳидан зи савдои овоз,
Кашидан, кашидан ба хун шарми худсўз.
Расидан, расидан ба васли ғамандоз,
Фалаксоз будан, фалакроз будан,
Фалакноз будан ва будан фалактоз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё