Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хезед, чилёсин кунем ин миллати девонаро,
Девонаи беқиблаи худхорае бегонаро.
Заҳҳокафканро Худо гар се писар дод аз нишо,
Заҳҳокпарвар синаро додо диҳад сегонаро.
Золаш диҳад – бар кўҳ занад, Симурғ раҳму рўҳ занад,
Ў ояду зону занад зонуи заҳҳоконаро.
Кампирҳо мў во кунед, бо шўру ғавғо каф занед,
Ронед ҷину деви сар то пушти Қоф ин хонаро.
Пирон ба «ёҳу!» ҷар занед, домони яктаҳ барзанед,
Тасбеҳ ба дўшу сар занед, афсун кунед афсонаро
Дар оташи Зартушти ў кафгиру бели мушти ў.
Сурхида леседу кашед ово Машӣ, Машёнаро.
Дасташ пучеду дўши ў, мўяш кашеду гўши ў,
Бошад, ки ёбад ҳуши ў мағзи биёбонмонаро
Пиндораш аз динаш ҷудо, гуфтор аз оинаш ҷудо
Кирдор аз кинаш ҷудо ин майкаши муғронаро.
Карданд ҷои хору хас бо оташи бамбаш алас.
Ҳушаш наёмад бозпас ин якрави якдонаро
Олам худои оҳанӣ эҷод зад зидди данӣ,
Ўясту куфу суфзанӣ, дар хункашӣ ҳамхонаро
Хезед чилёсин кунем ин миллати девонаро
Девонаи беқиблаи қурбоние бегонаро...


Самари муҳаббати ту ба нигоҳи кирдугорам
Зи фариштаҳо бигирам, ба биҳиштаҳо супорам.
Чу замин шиёр гардад бағали кушодаи ишқ
Ки зи дил напурсад ин ҷо, ки ба ақл дил гузорам.
Зи чӣ ишқи ақлҷўро ба замин занад мусалмон
Кафи по куҷо гузида ҷои ақл ҷошуморам.
Ба нахуст Ақли кулл буд, на нахуст Нафси кулл буд,
Ба пасини чораҷўям зи нахуст чора дорам.
Талаби ҳазордастон печи садҳазор дастор,
Ақлу илми ин замонро бизанад ба риши дорам.
Каламасти дил бубинам, ки ба мастӣ дузди ақл аст,

пешина
аз 186
навбатӣ