Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳамаи кушоиши сар зи даҳони дил барорам.
Дил агар макони ҳақ буд дили сунъ чун иваз кард?
Ки зи хонааш фиканданду сари Худой дорам.
Чу ба ақл иллат ояд на туву на худ шиносам,
Зи чӣ бе Худо бимонам агар ақл вогузорам?
Бас кун, эй ватанбемор, кўдакона мўидан,
Наъраи заминкан ор, мушакона пўидан.
Шабнамона боридан, рўзро наёридан,
Парваридани гул нест, ҳаст ғунча тўидан.
Дидаҳо варамбидем, нолаҳо ғарамбидем,
Дар танўри кас то кай шўъла-шўъла рўидан.
Ашки мо намакгир аст, ишқи мо фалакгир аст,
Умри бенамак бас, бас пои хор ҷўидан.
Зан қадам чунон бар ў, бишнавад, агар кар ў,
Набзи худ чу набзи ҷў дар тапиш пажўидан.
Чун Ватан зани зоёст, марди шерзанхоёст,
Кай зани сиҳат хоҳад марди нола шўидан.
Гаҳ ба сина бозидан, гаҳ ба дўш нозидан,
Гаҳ Ватан зи ту хоҳад мисли тифл бўидан
По чу пои кўҳ бифшор, шона кўҳи гардунсор
То чу офтоб аз ту бошадаш тулўидан.
Дар тани нарми само то хуни беранги ҳавост,
Гар дамад сурхӣ ба рўи зиндагӣ, аз хуни мост.
Киштии хуршеди нав бар кўҳлаи Машриқ нишаст,
То ба тўфони шаби дигар ҷаҳон ғарқи зиёст.
Дар дили кулли ниҳолон нест ғайри ишқи сабз,
Сар-сари шохи дарахтон ҳосили рангин чарост?
Мо паи нози тани худ ҷони дунё мехўрем,
Ҷони дунё нози мову ҷони мо нози куҷост?
Кистӣ? Пурсидам аз фонусдасти рўзи дил,
Гуфт: – Ҷўёи туам андар дили ту асрҳост.
Бишнавам умре садоятрову нопайдост рўй,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё