Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Талх пиндорам, ки рўи ту магар рўи садост?
То ба боми дил расидан зинаи сар кўтаҳ аст,
Шонаи пайғамбар арчи васлаи ин зинапост.
То гуфт бо номи худ туро низ баҳор
Дар пойи худ овехт маро низ баҳор.
Монанди нигоҳи мо ба пои нигаҳат,
Дерест, ки хўрда пешипо низ баҳор.
Имрўз баҳор боғу фардост хазон,
Имрўз баҳорию паго низ баҳор.
Найсон зи қафо дай асту аз пеш тамуз,
Пеши ту баҳор асту қафо низ баҳор.
Истода дуо кунам ҳама тан чу дарахт,
Шуд барги забонаму дуо низ баҳор.
Дар ҷилваи ҳусни ту худо ҷилва кунад,
Кофар шуда гуфтем: Худо низ баҳор.
Ман сўи ту рў бурдам аз ҷумлаи ойинҳо,
Ойини ту бо ойин хўрданд ҳамин динҳо.
Гуфтанд, ки дин ақл аст, хўрданд зи мардум ақл,
Рўъё ба рибо хўрданд аз роҳи риё инҳо.
Аз илми ҷаҳонбинӣ беҳ омада хонбинӣ,
Бар охури мансабҳо шуд номи ту озинҳо.
Ку ҷуръати сар бурдан берун зи маҳалбозӣ,
Бар миллати худ буданд инҳо ҳама хоинҳо.
Пеши сухану пушти халқ омада буд шоир,
Дар пушти маҳал пинҳон, бин шоирии инҳо.
Бар бўи маҳал монанд арчи сари мардум по,
Бар мардумии унвон бистардеҳу болинҳо...
Ин ҷодапарастони фурўманда зи ҷода,
Фарёдсаворанду наҷунбанд пиёда.
Аз лахчаашон гулханаҳо дар ҳама олам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё