Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа
Чаро се сол зориву тавалло кардему намеомад ва ҳоло ногаҳон азми меҳмонӣ кардааст? Аммо баъдтар ба худ омада ҳис кардам, ки ташрифи ҳумоюнрақами Латофати азизам беҳтарин посух аст. Ў бори дигар ба панди Шайх Саъди садоқат нишонда дода, собит кард:
Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст, Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Бале, дўстони ғамхора, дурандеш ва жарфнигар дар чунин рўзҳои вазнин меҳмон мешаванду дар кулбаи торикат чароғи муҳаббат ва умед ба оянда меафрўзанд.
Мо меҳмонаш гуфтем, аммо ў на меҳмон, балки аёдаткунандаи меҳрубоне буд, ба дилрпурсӣ ва дилёбӣ омада буд…
Кошки Латофати хайрандешу саховатпеша дасти холӣ ояд. Бо дастони пур, бо анбонаи пури нуқлу набот ва пироҳану пояфзолҳои нав барои аҳли хонавода даромада омад. Аҷибу ғайриинтизор он буд, ки дар анбона як қуттӣ ҳабдоруҳои «Калсий» оварда. Бо табассум мегуфт: «…Инро барои ман духтарам Матина аз Амрико фиристода буд. Барои мустаҳкам кардани устухонҳо бисёр муфид аст. Гулафзо як моҳ хўрад, дарди устухонҳояш ғайб зада, надидагӣ барин шуда меравад.
Ман дигар сухан наёфтам, ки арзи сипос гўям. Охир, чунин дарёдилиро дар ин замони пурғавғо ва ҷафокор аз кӣ интизор шудан мумкин? Шуморо намедонам, аммо ман аз Латофати дарёдил чунин интизориҳо ва аз он бештарашро дорам. Зеро дунёро бо ҳама шукўҳ дар дили худ гунҷондааст. Бо як таронаи гирояш муҳри тасдиқ мезанам ин гуфтаҳоро: «Бузургтарин дунё метавонад дар кўчактарин дил бигунҷад, он дунё дунёи некист!».
Ба чунин дил, сипос, ба чунин дил суҷуд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё