Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа
АВВАЛИН ОДАМ
Соли 2010 озими шаҳри Душанбе мешудаму хешу пайвандон якзайл маро панд медоданд: «Дар шаҳр ба одамони гуногун кам бовар кун. Аслан, бовар накунӣ ҳам мешавад». Аз дил мегузарондам, ки дар шаҳр танҳо одамони бад ҷамъ мешаванд?
Вақте дарс ва тавъам ба он зиндагӣ дар муҳити шаҳр оғоз ёфт, дарёфтам, ки онҳо дуруст мегуфтаанд. Бо мизони тарозу агар санҷем, воқеан ҳам, дар шаҳр зиштӣ нисбат ба нағзӣ бештар будаст.
Ин ҷо дарёи фиреб, нағмаву найранг, дурўғ, фоҷиа, чеҳраҳои дурушт, суханҳои қабеҳ, бемориҳои гуногун, фаҳш, дашном, нидову ғиревҳои бемаънӣ ҷорист. Дарё не, ба масал ин ҳама селро мемонад, ки аз тезиву тундӣ мағзҳоро мешўяд.
Дар чунин фазо кас намедонад, ки ба кӣ бовар кунад, киро мушфиқи дил бишносад. Ҳанўз замони донишҷўӣ аз ин фазо дилгир гашта, дар шеъри «Дилҳои бехуршед» гуфта будам:
…Андешаҳоям таҳ ба таҳ, Андешаҳоям рў ба рў.
Сартосари шаҳри азим
Кас нест, дил бандам ба ў.
Эй осмон, эй офтоб,
Дилмурдаҳоро зинда кун.
Дилҳои бехуршедро
Бо хуни субҳ оканда кун.
Дар чунин муҳит толеъ ба ман ёр будаст, ки Латофати азизро бо ман ошно намуд. Аз Парвардигор миннатпазирам, ки ўро дар ҳаёти ман пайдо кард. Дили ў саршори хуршед аст, ё ў худи хуршед аст.
Бештари мутафаккирон ва одамони одӣ муътақиданд, ки дар олам одами идеалӣ намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё