Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳама чиз, ҳама кас, ҳама ҳиссу ҳаяҷон нисбӣ аст. Аммо дар ҳаёт ман чунин Инсони идеалиро дидаам, суҳбат кардаам ва имрўз ҳам ҳамроҳаш ҳастам, ин Латофат Кенҷаева аст. Маҳз бо шарофати будани ў Душанберо меписандам, мепиндорам, ки шаҳр аз чунин инсонҳои олигуҳар саршор аст. Тани танҳо ў бас аст, ки ин шаҳрро дўст дорам ва баъди сафарҳо бо дили пур ба оғўшаш баргардам.
Аз дили ў чашмаҳои ростӣ, наҷобат, хушбинӣ, хушзабонӣ, чеҳраи хандон, ҳарфҳои ширин, саодат, сафо ва содагӣ ҷориянд. Агар ба байти Шайх Саъдӣ Ҳаққи устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст содиқ бимонаму муаллима Латофатро аввалин Одами комил барои худ баргузинам, бовар дорам, ки падару модари нозанинам аз ман намеранҷанд.
Дуруд ба Одами ҳақиқӣ, ба Инсони софмашраб!

пешина
аз 29
навбатӣ