Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

АВВАЛИН
ФАРИШТА

Дар адабиёти куҳану ҷадид, бавижа дар санъати рассомӣ фаришта бо тимсоли тифлакони сапедандоми болдор ё бо тасвири отифаҳои боназокати бапаруболисапед инъикос мешавад. Азбаски инсон ҳаргиз фариштаро надидааст, онро бо чунин рамзҳои зебоӣ ва бегуноҳӣ иртибот бахшида, фараҳманд гардидааст. Албатта, ин бесабаб нест. Зеро дар таҳтушшуури одамӣ тифл ва зан ҳамеша намоди шаъну шарофат ва покизагӣ будаст.
Ман низ баъд аз сарфаҳм рафтан ба дарднокии ҷабру ҷафоҳои кашидаи модар ва модари маънавиам Латофат бо ҳама рагу решаам дарк кардам, ки зан
69 фаришта аст.
Шояд шумо гўед, ки фариштаро касе надидаву дар суҳбаташ набуда, ин як мафҳуму масали нисбист. Аммо ман мегўям, ки ҳар кас дар зиндагӣ як тимсол, як намоди фариштагӣ бояд дошта бошад. Фариштаҳои ман бешубҳа Латофати азиз ва Модари мушфиқам ҳастанд, фариштаҳои наҷот ва фариштаҳои субот!
Дуруд ба фариштаҳои заминӣ! Дуруд ба Латофати фариштахисол!

пешина
аз 29
навбатӣ