МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Домулло, - Наҷот ба нотиқ, ки ин дам хаскулоҳашро гирифта ба роҳ равона гашта буд, рў овард: - Мебахшеддия...Ман шўхӣ кардам... Инҳоро санҷиданӣ шудам...
- Чи-ӣ?! Бахшидан?! Бетамизӣ! Мебахшидаем? Хобатонро ба об гўед... Не-е, бахшидан нест! - нотиқ якбора дигар шуд.
Қоматашро росттар гирифта бо шиддат ба назди Наҷот омад. - Ман ҳозир худам ба милиса телефон карданӣ будам. Мардумро таҳқир кун, сўҳбатро вайрон куну «мебахшед» будаст! - Ту - хулиган! Ту шўрапушт, авбош, арақхўр! - якбора ангуштонашро ба чашми Наҷот дарафш карда ба сари вай ғазаб кард чойхоначӣ.
Наҷот пай бурд, ки агар зудтар сабаби ин гуна масхарабозиашро нагўяд, ин мардум ўро зада маъюб мекунанд. - Маро мебахшед... Ман маст не, ҳамту... Мо бо маслиҳат шуморо санҷиданӣ шудем... Ин ҳамту, як таҷриба буд... Ана, Нусрат медонад.
- Мо, ҳамту як шўхӣ кардем...-тасдиқ кард Нусрати аз авзои ҳозирон ба даҳшат афтода.
- Мардумро ҳақорат медодаст, ба рўяшон туф мекардасту боз маст набудаст!-бо ғазаб тамасхур кард ҷавонмарди қавиҳайкал.- Ба 02 телефон кунед,- ў ба чойхоначӣ амр кард.
Наҷоту Нусрат аз ҳама зиёдтар аз таҳдиди ў тарсиданд. - Бародарон, охир ман маст не! - ба миён даромад Нусрат.
Мо санҷидан хостем... Барои таҷриба... Ана шишаро бинед, арақ не, об... Даҳанашро бў кунед. - Не-е! Акнун халос намешавед. Баҳонаи ёфтагиашро нигаред! 15 шабонарўз ҷазои нақд мегиреду баъд...-заҳрханда кард ҷавонмарди тануманд.
Наҷот ва Нусрат бо забони лол ба рўйи якдигар нигариста монданд. Баъд Нусрат ба ҳама шунавонда гуфт: - Бо ҳамон мастӣ аз чойхона баромада равӣ, ҳеҷ гап набуд. Ягон кас ғингӣ намекард. Инҳо аз одами ҳушёр наметарсанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё