МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Тоқиатро гир!.. Сонӣ... ба гўшат... га-ап ме-да-ро-яд! - Наҷот тоқии Нусратро аз сари ў гирифта ба рўйи харак зад.
Дар даҳони Нусрат нос будааст, бо баҳонаи носашро ба ягон гўша туф кардан ғурунгос зада аз ҷояш бархесту канор рафт. - Ин чӣ гап... рафиқон?... Тартибу интизом...
- Ҷим! Хап шав! - сухани нотиқро бурида ба рўйи миз сахт мушт зад Наҷот.
Нотиқ ба вай эътино накарда, сўҳбатро хулоса карданӣ шуд, аммо Наҷот ба вай маҷоли даҳан кушодан надод. - Ҳой, нотиқ... ғурмагас барин... ту... не, шумо... Аз ҳозирон кадоме чуруққӣ карду Наҷот нотиқро монда ба вай дарафтод:
- Чӣ гуфтӣ? А?... Ман маст... Ҳамон масти... мегуфтагиатон...- Вай мушташро гиреҳ карда ба назди Собирамак рафт. Баъд ба замин туф карду туфаш ба шими муҳандиси ҷавон - Салимҷон расид.
- Чӣ ало менигарӣ?! Гап зан, дар дилат армон намонад!
Салимҷон гўшашро ба карӣ зада рўяшро ба тарафи дигар гардонад ҳам нашуд. - Ҳой, олуфта, ба ту мегўям... Наҷот баъди хеле хархаша кардан монда шуд магар, ба сари самоворчӣ рафта аррос зад :
- Ҳой пит-пилиқ! Чои хунук ҳаст? Тез барор, набошад...
дониста мон.... самоворатро чаппа мекунам...
Самоворчӣ «ҳозир -ҳозир» гўён ба вай як коса чойи хунук дод. Наҷот чойи сардро дам кашиду мастона лабонашро чалаппас занонд, сипас ба нотиқ рў оварда гуфт : - Чӣ хап шудӣ? Гап зан. Ташвиқот кун... Ман гўш мекунам.
Аммо баръакси чашмдошти Наҷот ҳозирон якта-якта аз ҷо бархоста парешон шудан гирифтанд. Вай ногоҳ қоҳ-қоҳ зада хандида фиристод. Азбаски хандааш ҳоло ба хандаи одами маст шабоҳат надошт, ҳама ба якбора ба тарафи вай нигаристанд. Ҳатто Собир-амаки ба роҳ баромадагӣ ҳам баргашта нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё