МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Адабиёт ҳам дар ин роҳ хидмат мекунад. Аҳамияти аксарияти асарҳои Баҳром Фирўз низ дар ҳамин аст».
Ў аз ҳикояи нахустинаш «Бобо» то ба романи нотамомаш «Ғафлатзадагон» ба арзишҳои маънавӣ арҷ гузошта, суннати волои тоҷикӣ-эҳтироми бузургсолон ва хислатҳои накўи сидқу сафо, меҳру вафои байниҳамдигарии мардумонро тараннум кардааст, ки бобо чун шахси пастиву баландии зиндагиро дида, талху шириниҳои рўзгорро чашида орому пуртамкин аст. Бо андешаву мулоҳиза сухан мегўяд, дар ҳар кору амал таҳаммул дорад. Набера беқарор аст, чун аксарияти ҳамсолонаш ҳама чизро донистан мехоҳад, кунҷковона савол медиҳад ва атрофу акнофро бо диди мушоҳидакори худ ба таҳқиқ мекашад. Ў ҳамсафари бобо аст ва аз ин ҳамсафарӣ бештар баҳра бардоштан мехоҳад. Ҳарчанд аз беэҳтиромии раис нисбат ба бобо хашмгин мешавад, вале чун бархе аз ҳамсолонаш пешхезӣ намекунад, ба баҳси калонсолон ҳамроҳ намешавад, носазо намегўяд, ба дашному ҳақорат даҳон намекушояд. Ў тарбиятдидаи муҳити маънавию фарҳангист, ки хўю хислаташ орӣ аз дағаливу дуруштӣ, пешхезиву пештозист.
Бо гузашти солҳо ва воқеаҳои пурталотуму пурмоҷарои ҷанг нигоҳаш ба зиндагии рўзмарраву рўзгори одамон дигар шуда: “Заминҳои нав аз хоби зимистон бедоршудаи деҳа, боғҳо, тавораҳои аз санги қайроқи сой чидагии заминҳои рўидарича, сафедорҳои қатори сари роҳ, қуруқу чашмаву сой, шаху зовҳо ба ман ошно буданд, гўё ҳеҷ дигар нашудаанд. Аммо онҳо пештара барин хушрўй ва аҷиб набуданд. Ким-чӣ хел ба назар оддӣ ва хурд менамуданд. Бомҳои деҳа аз пештара пасттар, дарахтони азим гўё хурдтар, одамон ҳам гўё дигар шуда буданд.
Балки ин таъсири сахтии солҳои ҷанг буд ё худ ман акнун калон шуда ва ҳар чизро аз канор истода мушоҳида карданро омўхта будам, кӣ медонад?“ Чунин тасвири манзараҳои кўҳистон, аз як тараф, бозгўи таъсири ҷанги хонумонсўзи фашистӣ ба гўшаву канори мамлакат, аз тарафи дигар, мушоҳидаву андешаи амиқи набера гувоҳи ба камолот расидани ўст, ки назараш ба одаму олам дигар шуда. Ҳатто бомҳои деҳа пасттару дарахтони азим хурдтар менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё