МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Дар ҳикояи “Ҳақиқати талх” ду нуктаи муҳими зиндагии инсонҳо бо тасвири як манзараи оддии олами бачагӣ таъкид ёфта, ки аз як сў, талқингари бефурўғии умри дурўғ ва дурӣ ҷустан аз фитнаву иғво, аз ҷониби дигар, тараннумгари посдории аҳди дўстиву рафоқат аст. Ду бародар сагчаашон Алопарро ба чўпон мефурўшанд ва бо маслиҳати пешакӣ фурўхтани сагчаро аз волидон, ба вижа аз падар пинҳон карданӣ мешаванд. Гўё то андозае ба ин муваффақ ҳам мегарданд. Вале ҳодисае рух медиҳад, ки додараш бо мақсади халосӣ аз ҷазои падар сирро ошкор мекунад:
“-Вай... вай Алопара... а-а, ба чўпон фурўхт... пулаша гирифта..-ногаҳон канда-канда эълон кард Салим.
Нафаси ман ба дарун заду на ба рўи дадаам нигаристам, на ба тарафи Салими хоин.
-А-а?-дубора пурсиданд дадаам.
-Чўпон аввал панҷоҳ сўм дод...сонӣ...сонӣ боз...сӣ сўм...
Салим суханашро ба поён нарасонда “ҳаққаш”-ро бигирифт. Аз падар як торсакии обдор хўрданашро, ба гумонам, худаш ҳам нафаҳмида монд.
-Нокас!.. Дар зоти мо иғвогар набуд, ту аз куҷо ин “ҳунар”-ро ёд гирифтӣ?!
Салим бо фиғон аз ҳавлӣ берун рафт”.
Бародари калонӣ бо суханҳои он солҳо маъруфу машҳури “ту чи хел пионерӣ” гуноҳашро рўпўш карданӣ мешавад, вале падар ба нигоҳи пур аз нафрат ғазаби худро ба сари писари калонӣ мерезад:
“-Ноҷинс!.. Гум шав, афтата набинам!.. Агар дўстатро фурўхта бошӣ, ягон рўз модаратро ҳам мефурўшӣ!..” Ин таъкид ва нигоҳи пур аз қаҳру нафрати падар як умр дар ёди писар монда ва бозгўи ҳақиқате шуда, ки “табаҳкориро бо нияти нек пардапўш кардан кори беҳуда будаст. Аз ин мебарояд, онҳое, ки мулкеро хароб карда, мо онро наҷот додем мегўянд, як рўз не, як рўз рўсияҳӣ мекашанд”.
Муаллиф дар аксарияти ҳикояҳояш, аз қабили “Гўштигирӣ”, “Бузғола ва писарак”, “Даканг”, “Рамида”, “Муаллими сахтгир”, “Чӣ сон аълохон гаштам?” одамияти баланд, адлу инсоф, имону виҷдон, таҳаммулу андешаро тарғиб карда, хонандаро ба фикру мулоҳиза мекашад. Чен кардани ҳар кору рафтор, гуфтору кирдорашро дар тарозуи ақлу фаросат талқин менамояд, ки ҳикояҳояш ибратомўзанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё