Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Шамси Табрез ба пинҳону ба пайдои аҷаб,
Ёри олии насиби ту муаммо дорад.
Мавлавӣ гӯяму аз ишқ саропо сӯзам,
Ҳарфи Раънои ҳабиби ту муаммо дорад.
майи 2007
БЕ ТУ ФАНО ШАВАМ, ФАНО
Бе дигарон зиҳам, вале бе ту фано шавам, фано,
Шеъри ту нӯши ҷон кунам, варна адо шавам, адо.
Сабзаи гӯри ман чаман буд, агар намебудӣ,
Оби ҳаёти ман туӣ, бе ту чиҳо шавам, чиҳо.
Ғайрату ҷӯши ман туӣ, раъду сурӯши ман туӣ,
Ақлхурӯши ман туӣ, бе ту дуто шавам, дуто.
Бо ту яке муборизам, бодияро муҳофизам,
Зӯр манам, на оҷизам, бе ту фидо шавам, фидо.
Бо ту чу Зӯҳраи фалак нағмаи нав ба нав кунам,
Ҷойгаҳам само бувад, бе ту саро шавам, саро.
Қиблаи рози ман туӣ, такяи нози ман туӣ,
Бурҷи ниёзи ман туӣ, бе ту қазо шавам, қазо.
Бе ту агар чунин набуд, мулки Худо ҳазин набуд,
Ҷону дилам ғамин набуд, бе ту хало шавам, хало.
Пирию ман муриди ту, дилшудаи ҷадиди ту,
Ошиқи наврасиди ту, бе ту нидо шавам, нидо.
Сабзаи гӯри ман чаман буд, агар намебудӣ,
Оҳ, азиз Мавлавӣ, бе ту чиҳо шавам, чиҳо?!
майи 2007

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё