Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Биё баҳор кунем, к-аз баҳор ёд намонд,
Худо гуво, ки дигар рӯзҳои шод намонд.
Ба бодҳо бирасон, ки зи ҳукми худ гузаранд,
Зи дасташон чу касе н-омада ба дод намонд.
Ба пешвози зимистониёни аҳриманӣ,
Ба ҳеҷ мулки Худо чеҳрае кушод намонд.
Биё, алайҳи дайи бардавом бархезем,
Биё, ки зиндагии мову ту зиёд намонд.
Биё, ки маҳфили сабзи хуше биороем,
Барои сабз шудан гӯшае наход намонд?
Наход нест касе, ки ба базми мо ояд?
Наход чун ману ту ҳеҷ босавод намонд?
Наход ҷумла ҷаҳон гурбадил шуду буздил?
Наход чун ману ту шахси шерзод намонд?
Наход Кобулу Балху Ҳирот дар хобанд?
Ба Панҷшер магар ҳеҷ марди род намонд?
Биё, баҳор кунем, к-аз баҳор ёд намонд,
Биё, ки зиндагии мову ту зиёд намонд.
майи 2002
ТУ БА МАН ЧӢ КОР ДОРӢ?

Ман агар пур аз гуноҳам,
Пури айбаму табоҳам,
Ва хатост ҷумла роҳам,
Ту ба ман чӣ кор дорӣ?

Агар аз табори абрам,
Агар аз табори бабрам,
Агар аз табори габрам,
Ту ба ман чӣ кор дорӣ?

пешина
аз 82
навбатӣ