Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз сурайёям равон сӯи саро,
Тарки ҳар хушдор кун, ман омадам.

Бас баландӣ, таҳнишинӣ мекунам,
Зерро ҳамвор кун, ман омадам.

Меҳри андакро нахоҳам, эй азиз,
Меҳрро бисёр кун, ман омадам.

Аз кӯҳистон омадам, аз тори кӯҳ,
Нак, қабули бор кун, ман омадам.
июни 2003
ОФТОБИ ШАБ

НИДОИ РОҒУН

Нерӯгоҳи Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!
Эмомалӣ Раҳмон

Хокиӣ ё улвиӣ, эй он, ки аз дур омадӣ,
Ҳодиӣ ё одиӣ, ки сахт пурнур омадӣ.
Ношиносӣ ё шиносе аз шиносони қадим,
Ҳаркӣ бошӣ, хуш биё, дар сурати ҳур омадӣ.

Ҳаркӣ ҳастӣ, омадат мастур бод, эй омада,
Мақдамат пайки сапеди нур бод, эй омада.
Ҳастиям аз омади мастури ту масрур шуд,
Омадат масруру пур аз сур бод, эй омада.

Эй расида, чеҳраат дорад фурӯғи нуқрагӣ,
Нуқрагӣ доим бимон дар ҷодаи тобандагӣ.
Зиндагонӣ арсаи созандаву сӯзандаҳост,
Бод умре азми ту, эй омада, созандагӣ.

Хокиӣ ё улвиӣ, зебову мастур омадӣ,
Субҳсурат, субҳманзар, субҳманзур омадӣ.
Ношиносӣ ё шиносе аз шиносони қадим,
Ҳаркӣ бошӣ, хуш биё, дар сурати ҳур омадӣ.
январи 2010

пешина
аз 82
навбатӣ