Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Сарчашмаи хосу ом модар, модар,
Сарматлаи бардавом модар, модар.
Сарбайти қасидаи самои саҳарӣ,
Сарманшаи ҷузъу том модар, модар.
Ҷуз зоти Худо дигар ҳама насли туянд,
Пайғамбару ҳам имом, модар, модар.
Эй домани сабзи ту мусаллои башар,
Эй ҳастии бонизом, модар, модар.
Баҳри талаби тани сиҳат бар тифлат
Ҳастӣ ҳама дар сиём модар, модар.
Чашмони ту сафҳаҳои Қуръони шариф,
Эй лоиқи эҳтиром, модар, модар.
Бо боли тарона мефиристам бар ту
Ҳар субҳи Худо салом модар, модар.
То хаста насозамат, бас акнун, аммо
Шеърам нашавад тамом, модар, модар.
феврали 2007
ЭЙ СУБҲВУҶУДИ МАН
(Барои духтари зебоям Нилуфар)
Эй субҳвуҷуди ман, саҳар омадааст,
Эй авҷи суруди ман, саҳар омадааст.
Бархез, ба рӯи шамс оғӯш кушо,
Хуршеднамуди ман, саҳар омадааст.
Сарчашмаи ту зи чашмаи кӯҳи баланд,
Эй соф чу рӯди ман, саҳар омадааст.
Эй ганҷи хуш аз бисоти ганҷинаи дил,
Эй шоҳиди ҷуди ман, саҳар омадааст.
Ҳар гаҳ ки равам, зи баъди ман бар фардо,
Эй ноқили буди ман, саҳар омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё