Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДИЁРАМ

Диёрам, каъбаи ман ту,
Ба ҳар сангат тавоф орам.
Ба ҳар неку бадам наздат
Чу фарзанд эътироф орам.

Ба бӯи сабзаи навхез,
Ба бӯи меҳр мастам ман.
Гулу хори туро умре
Диёрам, мепарастам ман.

Гуле аз навбаҳорат ман,
Ватан, як мушти хокат ман,
Сари сабзи чинорат ман,
Парешон атри покат ман.

Ватан - модар, ватан - фарзанд,
Ватан - чашмони биноям.
Ватан аз ман, ман аз ӯям,
Ватан - имрӯзу фардоям.

Агар гӯяд ватан, рав ту
Дигар ҷо подшоҳе шав.
Бигӯям, дар барат монам,
Ту бар ман сарпаноҳе шав.

Маро бигзор дар кӯҳат
Чу абри даргузар бошам,
Маро бигзор дар кӯят
Насими дар ба дар бошам.

ЗАБОНИ МОДАРӣ

Зи нағмаҳои сози мо,
Зи таърихи дарози мо,
Туро бубаста тору пуд,
Забони дилнавози мо.

Зи ҳикмати замири пок,
Зи оҳи пири дарднок,
Зи туйҳо, зи сурҳо,
Зи мотаму сурурҳо.

Аз «Алла»-ҳои модарон,
Зи хандаҳои кӯдакон,
Асос барниҳодаанд,
Туро чу марҳаме ба ҷон.

Ту аввалин суруди мо,
Қиссаи «Буд-набуд»-и мо,
Забони модарӣ, туӣ
Шаҳодати вуҷуди мо.

Чу кӯҳ, сахту пойдор,
Чу рӯд шӯху беқарор.
Зи дарраҳо ту омадӣ,
Лафзи дарии беғубор.

Каломи шоҳномаҳо,
Равонибахши хомаҳо,
Зи даврҳо ба даврҳо,
Ту меравӣ, забони мо.

пешина
аз 44
навбатӣ