Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
ТЕШАИ НАҶҶОР
Ба устод Мирзо Турсунзода.
Гӯянд падар дуредгар буд,
Як чӯбтароши пурҳунар буд.
Чун теша задӣ ба шавқ наҷҷор,
Ҳар чӯб шуди нафису ҳамвор.
Чун нақш ба чӯб метарошид,
Гӯё дили хеш мехарошид.
Ҳар гӯша аз ӯ ҳаёт меёфт,
Ҳар манзил аз ӯ нишот меёфт...
Шояд ки ҷилову сайқал аз ӯ
Омӯхт писар ба шеъри дилҷӯ.
Дар даҳр иморат аз сухан кард,
Андар дили мардумон ватан кард.
Афрохт бинои пойдоре,
Аз шеъру суруди дӯстдорӣ.
Дилҳо зи ҳунар ба ҷӯш овард,
Аз ҳуш рабуду ҳуш овард.
ШОГИРД
Мо ба шогирдӣ ба дунё омадем,
Мо ба шогирдӣ нигаҳ бикшодаем.
Чун давоми роҳи устодони худ
Аз барои хеш раҳ бикшодаем.
Зистан омӯхт моро рӯзғор,
Чашми моро зиндагӣ хушёр кард
Мо мурувват дидаем аз дӯстон,
Лутфашон моро накӯкирдор кард.
Меҳри гарму шафқату одамгарӣ,
Ҳар нигоҳи беғараз дар ёдӣ мост.
Раҳнамои мо бувад хурду бузург,
Чашми ибратгир истеъдоди мост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё