Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Як шаби тираранги маҳолуд,
Боғу бому дари фақирона.
Дар сукути ғамоваре бехуд
Буд чашмам ба кӯи ҷонона.

Чашми сад кас ба сӯи ин манзил,
Лек ёри нигор будам ман.
Ошиқи он ягонаи хушгил,
Ҳар шабе интизор будам ман.

Паҳлӯи ман нишаста дар ин ҷо
То дили шаб таронаҳо мегуфт.
Аз муҳаббат фариштаи раъно
Ёд дорам, фасонаҳо мегуфт.

Рафта имрӯз ганҷ аз ин вайрон,
Доғ шуд дар дили ман он армон.
Чашмам ин боғро хазон медид,
Дигар аз зист бенишон медид.


Шоир аз гуфтор монад,
Базмҳо беҷӯш монанд,
Торҳо аз ҳам гусаста
Мутрибон хомӯш монанд.

Бе фурӯғи шеъри шоир
Раҳравон гумроҳ бошанд,
Нокасон аз дилсиёҳӣ
Доғи нав бар мо пошанд.

Шоир аз гуфтор монад,
Мункирон бар минбар оянд
Оқилон хомӯш монанд,
Ҷоҳилон даъвогар оянд.

Бишканад гар килки шоир,
Бишканад паймони ёрон,
Бишканад ғавчуби раҳҳо,
Нашканад армони ёрон.

Гар забун афтод шоир,
Теғҳо гарданд урён.
Сабзаҳо сӯзанд яксар,
Кинаҳо ҷӯшад зи чашмон.

Шоир аз гуфтор монад,
Ишқ монад бемурувват,
Беҷазо монад ҷаҳолат,
Безабон монад ҳақиқат.

пешина
аз 44
навбатӣ