Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
МАКТАБ
Гарданд бе ман дар ин дабистон,
Гарданд бе ту дар ин хиёбон.
Навошиқон боз ашъор хонанд,
Гулдухтарон боз ин ҷо хироманд,
Ҳар субҳ, бе ту, ҳар шом бе ман.
Занги танаффус, зангулаи дарс
Дарҳои шодӣ ва мекунад боз,
Чун кӯҳсорон оғози сад рӯд
Дар оғуши худ ҷо мекунад боз,
Ҳар рӯз бе ту ҳар рӯз бе ман.
Рафтему ҳамчун эълони кӯҳна
Акси ману ту аз лавҳа гиранд.
Дар хотири мо такрор-такрор
Он рӯзгорон бас беназиранд,
Ҳар рӯз бе ту, аз ҳар шом бе ман.
Пайроҳае ки мо медавидем,
Гардад алафпӯш, ором гардад,
Чун ресмони дар раҳ фитода
Баъд аз назарҳо гумном гардад,
Ҳар рӯз бе ту, аз ҳар рӯз бе ман.
Аз паҳлӯи он шояд ҷавоне
Пайроҳаи нав месозад оғоз.
Дар қад-қади он балки нигоре
Бар ишқи ёре дилро кунад боз,
Ҳар рӯз бе ту, ҳар рӯз бе ман.
ЗАН
Шохи лутфу назокатӣ, эй зан,
Рангу бӯи баҳор кори туст.
Дар фалак офтоби оламтоб
Нусха аз рӯи шӯълабори туст.
Офаридат табиат афсунгар,
Бас ба ту нозпарварӣ омӯхт.
Баъд бечора устод аз ту
Дилнавозию дилбарӣ омӯхт.
Меҳр дар ту, муҳаббат андар ту,
Сеҳр аз туст, соҳирӣ аз туст.
Офаридгори орзуҳоӣ,
Шеър аз туст, шоирӣ аз туст.
Ишқ дар туст, зиндагӣ дар ту,
Рашк дар туст, фитна ҳам аз туст.
Заҳри аз ту расида позаҳр аст,
Ҳар гуноҳу савоби ту некӯст.
Чашми меҳру шафоати олам,
Дасти гарми навозиши инсон,
Ҳалқаи дарду изтироби даҳр,
Домани хайру шафқату эҳсон!
Бе ту дар умри ман сафое нест,
Бе ту дар сози ман садое нест,
Сӯзаму рози зиндагӣ гӯям,
Ҷуз ризои ту муддаое нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё