Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
Гардун, чу ба сӯи мардум андохт каманд,
Овард басо сари баланде дар банд,
Ҳар мард чу Рӯдакӣ ба домаш н-афтод,
Ин гург ду чашми равшани ӯро канд.
Дар хилвати рози мо наё, эй бадхӯ,
Гар омадаӣ аз дили худ кина бишӯ,
Сози ғаразу кинакашӣ барҳам зан,
Чун зоғ ту аз меваи мо кирм маҷӯ.
Эй бахт, маро ранҷ мадеҳ бо афсун,
Чун хома ба дар даст макун хору забун.
Ҳар он чй дилат хост раво дор, вале
Дар қабзаи нокасон маро зоча макун.
Чун рӯд ман аз баландиҳо паст шудам,
Чун боди сабо поку тиҳидаст шудам.
Лек иззати худ нарехтам пеши касе,
Бо шавқати сарбаландиҳо маст шудам.
Дар маҳфили ҷумла пухтагон мо хомем,
Бо росдилии хештан нокомем.
Аз чарбзабонӣ рӯи шум овардем,
Чун оинае ба пеши зиштандомем.
Ҳар ҷо, ки ту рафтӣ дар канорат будам,
Бе ваъда сари раҳ, интизорат будам,
Нохонда ба сад баҳона дар хонаи ту,
Ҳар рӯз зи бахт умедворат будам.
Аз гуфтаи худ наям парешон, эй дӯст,
Аз кардаи худ наям, пушаймон,эй дӯст.
Ман хӯшаи донарез гаштам акнун,
Аз оташам ин қадар матарсон,эй дуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё