Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ин маъно, аксари ҳикояҳои нависанда аз аҳамияти маърифатӣ бархурдоранд. Яъне нависанда зимни тасвир кӯшиш мекунад аз таърих, ҳодисаҳои ҷанг, ахлоқи неки инсон, олами вуҳуш ва асрори табиат ба хонандагони худ ахбори муҳим, иттилооти фаннӣ ва маълумотҳои аҷиберо низ пешкаш карда бошад. Зимни муҳтавои ҳикоёт бачагон аз зиндагии ҳаррӯза, аз кору бори мактабиён, хонандагону муаллимон, падару модар ва фарзандон, аз рӯзгори аҳли деҳот ва ташвишҳои бошандагони шаҳр, таърихи гузашта — замони амирӣ, ба сари ҳокимият омадани болшевикон, ҷангҳои муқобили фашизм ва ғайраву ҳоказо шинос мешаванд. Бинобар чунин хасоис метавон гуфт, ки Мустафо Шарқӣ аз талабу табиати адабиёти барои кӯдакон ва наврасон огоҳ буда, дар ин ришта хеле асарҳои ҷолиб ва хонданбоб офарид ва дар инкишофи насри бачагонаи тоҷик саҳми чашмрасе гирифт. Муҳаққиқи адабиёти барои кӯдакон ва наврасон, академик Раҷаб Амонов дар ин маврид натиҷагирии ҷолибе дорад. Вай менависад: «Дар адабиёти бачагонаи тоҷик мавқеи устувор ба даст овардани жанри ҳикоя низ далели пешрафти наср аст...».

Дар бораи Мустафо Шарқӣ ҳаминро афзудан мумкин аст, ки асарҳои ӯро имрӯз дар китобхонаҳо дарёфт кардан кори мушкил аст ва аз ин рӯ нашри навро интизор мебошанд, ҳамчунин онҳо ба чанд забон, аз ҷумла забони русӣ каму беш тарҷума шудаанду бас ва лозим аст, ки ин камбуд низ ислоҳ карда шавад...

Дар анҷом месозад, ки дар бораи хислатҳои инсонии нависанда низ чанд сухан гуфта бошем. Аз нақли пайвандон ва ёддоштҳои дӯстон, ҳамкорон ва шогирдон маълум аст, ки Мустафо Шарқӣ як инсони босабру тамкин, раҳмдилу хоксор, шикастанафсу ҳимматбаланд, як падари меҳрубон ва боинсофе будааст. Вай бо аҳли

пешина
аз 349
навбатӣ