Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Кабӯтар! Кабӯтар дар ҳаво!
Ҳама ба осмон, ба он тарафе, ки аз он сӯ кабӯтар парвоз карда меомад, чашм дӯхтанд. Кабӯтар торафт наздиктар меомад ва мо на фақат худи он, балки хатро ҳам, ки дар ҳалқаи пояш буд, баралло медидем.
Холдор рост ба рӯи рафҷаи пеши кафтархона омада нишаст. Ман хатро аз ҳалқаи пояш гирифта, бо овози баланд хондам: «Агар хат ба шумо расад, донед, ки ҳар кадоматон яктоӣ кабӯтар қарздор мешавед! Бо салом - Гритско».
- Чӣ илоҷ, акнун лозим меояд, ки ба Гритско яктоӣ кабӯтар диҳем, - гуфтанд бачаҳо ва ба хонаҳояшон рафтанд.
Бегоҳирӯзӣ ҳар ду вохӯрдем.
- Агар ту намешудӣ, - гуфт Гритско, - онҳо, бешубҳа, мункир мешуданд. Хатро нест мекарданд ва он гоҳ бозиро ман мебохтам. Ташаккур, Юрик.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё