Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

машварат мекунад, - гуфт Гритско.- Мо ҳам ба он ҷо меравем, канӣ шунавем, калонсолон чӣ мегӯянд.

Идора аллакай пур аз одам буд. Ходул Афанасиевич оромона гап мезад, вале ҳис карда мешуд, ки аз ин хабари ногаҳонӣ сахт ба изтироб омадааст. Дар чеҳраи дигарон ҳам нисбат ба душмани разил ҳисси нафрат ва қаҳру ғазаб ҳувайдо буд.

  • То ҷон дар баданамон ҳаст, мубориза мебарем, ба душман амон намедиҳем!.. - гуфтанд ҷамъомадагон бо як овоз. Ҳангоме ки ҳама пароканда шуда рафтанд, Ходул Афанасиевич ба фикр фурӯ рафта монд. Мо дар як кунҷи идора хомӯш нишаста, аз вай чашм намекандем. - Фашистони лаънатӣ! - гуфт вай бо ғазаб ва мушташро ба рӯи миз зада, ҷаҳида хест. Моро дида, бо овози ҳукмфармоёна пурсид:

  • Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед? Кӣ фарёд кард? Ходул Афанасиевич чунон ба ғазаб омада буд, ки гӯё аз чашмонаш оташ меборид. Мо зуд аз идора баромада рафтем.

Ҳанифахола пиёлаи чойро як сӯ гузошта, сарашро яктарафа ҳам кард ва гӯшашро ба гӯянда наздиктар бурд. Юрий Наумович бошад, ба Ҳанифахола аҳамият надода нақлашро давом дод:

  • Пас аз ин ҳаёти мо тамоман ранги дигар гирифт. Дар ҳаракатҳои одамон оромии пештара дида намешуд: онҳо саросема-саросема ба кор мерафтанд ва боз шитобон аз кор ба хона бармегаштанд, кам гап мезаданд. Аз радио бошад, ҳар рӯз хабарҳои нохуш ба гӯш мерасид, ки аз шунидани онҳо дили одам реш-реш мешуд. Фашистони хунхор деҳоту шаҳрҳоро валангор карда, торафт наздиктар меомаданд.

Як рӯз Ходул Афанасиевич тамоми деҳаро ҷамъ карда гуфт:

  • Имрӯз не - фардо душман ба ин ҷо ҳам расида меояд. Мо бояд ба зудӣ аз мардон ва ҷавонон дастаи партизанӣ ташкил намоем ва ба беша даромада
пешина
аз 349
навбатӣ