Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳар чӣ хоҳӣ, гӯй, вале ман дафтарамро намедиҳам, - қатъӣ ҷавоб дод Мамлакат. Адолат бо рӯҳи ношод аз синф баромад ва аз дугонааш хафа шуд. Вақте ки дарс сар шуду муаллим ба санҷидани вазифаҳои хонагӣ сар кард, Адолат дар синф набуд. Қадоме аз хонандагон «Адолат бетоб шуд, ба хонаашон рафт», - гӯён ба муаллим ҷавоб дод. Бо шунидани ин суханҳо Мамлакат аз дил гузаронд: «Ана, ӯ чӣ хел танбал будааст, аз гуфтани гапи ҳақ ва иқрор шудани гуноҳаш саркашӣ карда, худро бетоб кардааст». Вай мехост воқеаи шудагиро ба муаллим ҳикоя карда диҳад, аммо хабаркаширо бад медид ва аз ин кор худдорӣ кард. «Чаро ман хабаркашӣ кунам? - мегуфт вай худ ба худ. - Охир, ман аъзои шӯрои отряд ҳастам, метавонам дар ин бора бо худаш дурустакак гапзанон кунам, хатояшро фаҳмонам, агар ислоҳ нашавад, он вақт дар назди шӯрои отряд масъала мемонам ва якҷоя чорае мебинем».

Рӯзи дигар Мамлакат ба назди Адолат омада, бо вай суҳбат карданӣ шуд. Аммо Адолат чӣ? Аз Мамлакат рӯ гардонд ва «Ман бо ту дигар ҳамғап намешавам» гуфта, аз ӯ дур шуд.

Худи ҳамон рӯз аъзоёни шӯрои отряд пас аз тамом шудани дарс Адолатро ба ҷамъомади шӯрои отряд даъват карданд.

Адолат тааҷҷуб накард ва гумон бурд, ки Мамлакат воқеаи дирӯзаро ба аъзоёни шӯрои отряд гуфта додааст ва ҳоло бо онҳо ӯро муҳокима мекунанд. Адолат саркашӣ накард ва дар вақташ ба хонаи пионерон, ки мебоист дар он ҷо ҷамъомад гузарад, ҳозир шуд.

Ҳама ҷамъ шуданд. Роҳбари отряд Расул, ки дар синфи 9-ум мехонаду ба назар ҳамеша хушҳолу хандонрӯ менамояд, вале дар асл хеле қатъӣ буд, ба Адолат муроҷиат карда гуфт:

  • Ту ҳоло ба роҳрав баромада ист, баъд даъват
пешина
аз 349
навбатӣ