Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Сӯҳбат боз хеле вақт давом кард ва пионерон дар бораи дӯстӣ ва рафоқат бисёр чизҳоро фаҳмида гирифтанд. Адолат баъди чанд рӯз ба дугонаҳояш баробар шуда, сипас дар ҳузури хонандагони синфи 6-уми «Б» ба роҳбар гуфт:

  • Ташаккур ба шумо! Агар ҳамон сӯҳбат намебуд, ман камбудиамро ба зудӣ фаҳмида наметавонистам.
  • Ба ман не, ана ба кӣ ташаккур гуфтан даркор!
  • гӯён роҳбар Мамлакатро нишон дод.
  • Ин маслиҳати вай буд.
  • Рост? Адолат, гӯё бо ин дурустии суханони роҳбарро боз як бори дигар санҷиданӣ буд. Сонӣ ба Мамлакат рӯ оварда, гуфт:
  • Дар ҳақиқат, ман гунаҳкор будаам, лекин ту аз гуноҳам гузар. ХУБ?

Мамлакат хушҳолона табассум карда, дугонаашро ба оғӯш гирифт ва гуфт:

  • Ин кори ман аз рӯи дӯстӣ буд.

ХАТАРИ БЕЗАРАР

Нурҷон дар байни хонандагони синфи 5 «А» ба дидан бачаи назарногир менамуд, қади паст, вале рӯи дарози лоғар дошт. Роҳила, ки оилаашон ҳамин сол ба ин ҷо муҳоҷир шуда омадааст, дар рӯзи аввали бо Нурҷон вохӯрданаш, аз чӣ сабаб бошад, ӯро бачаи шӯху гапнодаро пиндошта буд. Аммо баъдтар аз забони Нурҷон ҳикояҳое шунид, ки дар онҳо фақат аз зӯрӣ, нотарсӣ ва чолокии худи ӯ гап мерафт. Роҳила ба ҳақиқат будани ин ҳикоятҳо чандон бовар накунад ҳам, нақли Нурҷонро ҳамеша бо мароқ гӯш менамуд, зеро ӯ ҳикояташро чунон пардоз дода гап мезад, ки кас онро бо завқ гӯш накарда наметавонист. Дар

пешина
аз 349
навбатӣ