Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Ҳаминро ҳам нафаҳмидӣ? - гуфт Нурҷон.

  • Ҳар вақте ки гург парча-парча гӯшти ӯро канда мегирифт, ба сахтии дард тоб оварда натавониста «хӯрт, хӯрт» садо мебаровард. Охир, чӣ кор кунад хари бечора? Аз гург мурданивор метарсад ва ҳангос зада наметавонад. Садои «хӯрт, хӯрт» ҳам ба зӯр аз зери дандонҳояш мебаромад. Мо вайро ба хонаи соҳибаш гирифта овардем, ба ҷароҳаташ марҳам монда сиҳат карданд.

  • Рост? - боз пурсид Роҳила. - Наход гург аз ту тарсида бошад?

Нурҷон пас аз чунин шубҳаи Роҳила қавоқҳояшро овезон ва рӯяшро турш карда, норозиёна гуфт:

  • Ту, мумкин, ба ҷасорати ман бовар накунӣ, вале ягон рӯз худат бо чашмонат дида қоил мешавӣ.

  • Чиро дида қоил мешавам? - пурсид Роҳила кунҷковона. - Гургро? Дар куҷо?

  • Дар саҳро. Марҳамат, ҳамроҳ меравем. - Чӣ-й?

  • Ту мехоҳӣ, ки тоқисурхак барин маро гург зинда ба зинда фурӯ барад? Не, не! Ман ба саҳро намеравам, метарсам, - ҷавоб дод Роҳила сар ҷунбонда. Қокулҷаҳои ба атрофи тоқии кимхоб печондааш ҳамоил шуда, ба тахтапушташ афтоданд.

Нурҷон баъд аз ин «Роҳила ба ҷасоратнокиам акнун боварӣ ҳосил намуд» гӯён, барои он ки ин духтараки «зебои сода»-ро боз зиёдтар қоил кунонад, росту дурӯғ ҳикояҳои нав ба нав гуфта медод. Баробари ин орзу мекард, ки тасодуфе рӯй диҳаду корнамоии худро дар ҳақиқат ҳам ба Роҳила намоиш диҳад ва ӯро тамоман моту мафтун созад. Вале чӣ тавр ва дар куҷо? Ана инро намедонист ва афсӯс мехӯрд.

Нурҷон як бегоҳӣ, баъди тайёр кардани вазифаҳои хонагӣ, машғули волейболбозӣ буд, ки Роҳила ӯро фарёд кард, хабар дод:

пешина
аз 349
навбатӣ