Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Шумо-чӣ, оча?
  • Ба мо қорат набошад: зуд бош, ҷонакам, тезтар рав, - гуфт Варвара зорикунон.

Андрейка ба чашмони модараш назар кард: аз дидагоҳи ӯ ашк ҷорӣ буд. Вай дигар ҳарф назада давида кӯча баромад. Фашистон аллакай ба хонаҳои сокинони деҳа даромада, хурду калонро бо дастаи автоматҳо зада-зада мебароварданд. Дар тамоми деҳа доду фиғони марду зан, гиряи ҷонҳароши кӯдакон, ак-аки сагон баланд гардид. Андрейка ба сари кӯча баромада, ду нафар фашисту як политсайро дид, ки аз пасткӯчаи самти чапи ҳавлии ҳамсоя гузашта, ба полизи ҳавлӣ наздик мешуданд. Андрейка зуд ба ақиб гашта, худро аз болои девори полиз ба боғчаи ҳамсоя зад. Ҳангоми аз девори полиз ба боғча гузаштан кафши пои росташ аз пояш баромада, дар он тарафи девори чӯбин афтид. Андрейка ба мақсади зудтар давидан туфлии ин пояшро ҳам кашида партофту пойлуч боз зудтар давидан гирифт. Аз девори боғчаи ҳамсоя гузашта, ба ҷӯйбори чуқуре, ки дар наздикии роҳи калон воқеъ гардида, хеле чуқур, вале дар он оби зиёд набуд, даромад. Қад-қади ҷӯй алафҳои хордор ва қамишҳои баланд рӯида буданд, ки агар одам ҳам шавад, панаҳ мекарданд.

Андрейка ҳам шуда, даҳ-бист метр роҳ рафт. Ба дасту пояш хор мехалид, вале дандонҳояшро ба ҳам соида ба сӯзиши дард тоқат мекард. Вай ба атроф гӯш дод. Аз чор тараф нолаю фиғони мардуми деҳа, садои тирпарронии фашистон шунида мешуд. Дар байни ин овозҳо Андрейка овози баланд-баланд аккос задани сагашро шунид. «Немисҳо ба хонаи мо ҳам даромаданд», - гуфт Андрейка ба худаш. Сагаш Лайка боз баландтар аккос зад. Баногоҳ садои тири автомат баромаду Лайка аз аккос задан монд. «Лайкаро парронданд, - гуфт Андрейка ба ним овоз. - Оҳ палидҳо!» Аз наздик овози немисе ба гӯш мерасид, ки «рус

пешина
аз 349
навбатӣ