Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Канӣ худат ҳам шин, Маруся! Чорта гап занем,
- гуфт Василий ба Маруся.
- Мебахшед, шумо номи маро аз куҷо медонед?
- Медонам, Машаҷон, кайҳо боз медонам.
- Хонаи маро аз кӣ пурсидед?
- Номатро медонам, пас чаро хонаатро надонам?
Канӣ бишин! Ман бо супорише омадам, зуд баргаштанам даркор. Марҳамат карда ба ман гап зан:
«Ту бо чӣ мақсад ва чӣ тавр ба истгоҳи Чернухино рафтуомад дорӣ?».
Маруся дере фикр накарда ҷавоб дод:
- Обер-лейтенант ба ман изҳори муҳаббат карда гуфт, ки агар бо ман ишқварзӣ накунӣ, бадарға мекунам. Ман аз тарси он, ки ба Германия нафиристад, ба таклифи ӯ розӣ шудам.
- Ин ҳам ҷиноят аст, ҷиноят, - гуфт Василий, - бояд ту гуноҳатро харида гирӣ.
- Чӣ хел?
- Фақат як роҳ ҳаст, - фаҳмонд Василий, - бояд ба партизанҳо мадад расонӣ, барои аз истилогарони фашистӣ озод кардани сарзамини Украина ҳисса гузорӣ, вагарна баъди ба охир расидани ҷанг ба чашми ҳамватанонат чӣ хел нигоҳ мекунӣ?
Маруся розӣ шуд. Василий ба Маруся фаҳмонд, ки ӯ бояд якшанбеи оянда Андрейкаро ҳамроҳи худ ба Чернухино барад ва Анастасия Андреевнаро ёфта, писарбачаро бо вай шинос намояд.
- Ҳамаш ҳамин? - пурсид Маруся, дигар гап нест?
- Ҳоло ҳамин!
- Хонаи Анастасия Андреевна дар куҷост?
- Дар наздикии депо, - гуфт Василий, - аз кадом коргаре ки пурсидӣ, хонаи ӯро нишон медиҳад.
- Писарбача канӣ? - пурсид Маруся.
- Дар ҳамин ҷо, якшанбе худаш назди ту меояд.
Номаш Андрейка.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо