Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Маруся рухсатномаро ба Андрейка гардонда дод. Гашти рӯз Андрейкаю Маруся аз деҳа баромада роҳи Чернухиноро пеш гирифтанд. Онҳо акнун ду чакрим роҳ паймуда буданд, ки садои мотори ҳавопаймоҳо ба гӯш расид: онҳо аз самти шарқ баланд парвоз карда меомаданд. Маруся аз роҳ бозистода, ба осмон назар кард.

  • Самолетҳои бомбаандози фашистон барин.
  • Не, - гуфт Андрейка, - аз овози моторашон маълум, ки самолетҳои худамон.

Самолетҳо дар болои истгоҳи роҳи оҳани Чернухино якбора сарозер шуданд. Тӯпҳои самолетзани фашистон низ ба кор даромаданд. Гирду атрофро таркиши гӯшкаркунандаи бомбаю тӯпҳои самолетзан фаро гирифт. Замину замон ба ларза даромад. Самолетҳои мо сарозер шуда, бомбаи марговари худро ба нишон мепартофтанд ва баъд тирвор ба фазо мебаромаданд. Дар болои истгоҳи Чернухино дуди ғализ пайдо шуда, ҳар ҷо-ҳар ҷо сӯхтор ба амал омад. Ҳамин дам ба як самолёти мо тири тӯп расид ва он дуд карда ва торафт паст шуда, ба самти деҳаи Лукашино рафт. Як вақте Маруся ва Андрейка диданд, ки сарнишини ҳавопаймо аз самолет ҷудо шуд ва сипас парашют кушода шуда, паст фуромадан гирифт. Ба самолёти дигар ҳам тир расид ва он сӯхта ба ким-куҷои истгоҳ афтид.

Маруся ва Андрейка аз сарнишине, ки бо парашют ба замин наздик мешуд, чашм намеканданд. Ана сарнишин ба замин расид. Ӯ зуд худро аз парашют озод карда, автоматро ба даст гирифт ва худро ба пастхамие зада, аз назар ғоиб шуд. Маруся ва Андрейка давида ба баландии теппаи сари пайраҳа баромаданд, ки аз он ҷо роҳи мошинагард чун кафи даст намоён буд. Онҳо диданд, ки се мотосикли сечарха ба самолёти сӯхтаистода наздик мешаванд. Самолет сӯхта, шудаш кам-кам мебаромад. Фашистон аз мотосиклҳо

пешина
аз 349
навбатӣ