Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Аз кӣ?
Антонов: - Аз Андрейка-дия.
Кононенко: - Муҳим?
Антонов: - Ба фикри ман, хеле муҳим.
Кононенко: - Канӣ, изҳор кун.
Антонов: - Андрейка хабар дод, ки бинобар гуфтаҳои Франс, гӯё ин аниқ будааст, фардо ҷонишини коменданти шаҳр Генрих ба деҳаи Лукашино мерафтааст. Мақсадаш интихоб кардани ҷо барои сохтани истеҳком...
Кононенко: - Дар воқеъ, деҳаи Лукашино ба истгоҳи роҳи оҳани Чернухино наздик аст. Артиши Сурх бошад, торафт наздик шуда истодааст, ки аз ин фашистон ба талвоса афтодаанд ва аз афташ, барои аз ҳуҷумҳои қӯшунҳои мо муҳофизат кардани истгоҳи роҳи оҳани Чернухино аз ҳозир дар қарибии деҳаи Лукашино истеҳком сохтан мехоҳанд. Боз чӣ?
Антонов: - Аз ин бояд хулоса баровард.
Кононенко: - Хӯш?
Антонов: - Генрих ба Лукашино омада дар куҷо меистад? Дар хонаи Маруся, албатта.
Кононенко: - Хӯш?
Антонов: - Бо Маруся, ки вохӯрд, албатта менӯшад, хурсандӣ мекунад. Ана ҳамин вақт ба хонаи Маруся зада даромада, ӯро дастгир кардан даркор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо