Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
худи Лариса барин ором нишастанро хуб намедид ва доимо ҷунбуҷӯл карда мегашт. «Писарам ба худам рафтааст, - мегуфт баъзан Лариса бо камоли ифтихор ба шавҳараш. - Ана Зина гапи дигар: худат барин андешаманд, доим дар фикру хаёле...» Кононенко Андрейкаро ба хотир оварда табассум кард: агар Миша дар ин ҷо мебуд, албатта, бо вай ҷӯра мешуд ва ҳар ду бо якдигар маслиҳат карда амал менамуданд...
Кононенко палтои чарминашро ба китфаш партофта, берун баромад. Василий Антонов бо одамонаш дар тараддуди ба роҳ даромадан буд. Кононенко ба разведкачиҳо гуфт:
- Ман аз хусуси амалиёт, ки хеле муҳим аст, ҳарфе намегӯям, - худатон хуб медонед, фақат хотиррасон мекунам, ки фикр карда эҳтиёткорона амал кунед ва албатта супоришро ба ҷо оред.
Разведкачиҳо ҷавоб доданд:
- Дилпур бошед, рафиқ командир, супориш албатта иҷро мешавад!
Разведкачиҳо ба роҳ даромаданд, Кононенко аз қафо даст афшонда, ба онҳо муваффақият металабид.
Тақ-тақи дар Харитон-амакро аз хоб бедор кард. Вай сулфакунон аз ҷой хеста, назди дар омад ва бо овози ларзони пиронааш «Кист?» гӯён пурсид:
- Ман, Василий Антонов, Харитон амак, - шунида шуд аз паси дар.
Харитон амак дарро кушода таклиф кард:
- Марҳамат ва вақте ки партизан Василий даромад, ӯ илова кард - марҳамат, - мо ҳам ҷавон будем, шабгардиро дӯст медоштем, лекин фашистонро шикор намекардем...
Василий табассум карда пурсид:
- Киро шикор мекардед?
Харитон-амак сарашро оҳиста паст ва гардани ғафсашро ёзонда, бо овози паст ҷавоб дод:
- Духтаронро. Ҳа, Василий, духтаронро. Аз аввали

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо