Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Онҳо акнун бо роҳи мошинагард нею бо бераҳаҳо қадам мезаданд. Қарибиҳои бегоҳӣ ба работи Белолутск омаданд, ки он даҳ чақрим дуртар аз бешазори Кременск воқеъ гардида буд. Аз сабаби наздик шудани фронт арбобу политсайҳои маҳаллӣ ду рӯз пеш аз ин ҷо гурехта, ба маркази ноҳияи Лиман рафта буданд. Бинобар ин Андрейкаю Анастасия Андреевна дар ҳар ҷо дам гирифта мерафтанд. Аҳолии работи Белолутск аз гурехта рафтани арбобу политсайҳо хурсанд ва мисли пештара орому тинҷ зиндагӣ мекарданду омадани Артиши Сурхро бесаброна интизор буданд. Фақат ҳаминаш ба мардум алам мекард, ки хоинони ватан, алалхусус арбобу политсайҳо қариб сесад сар молу гови аҳолиро зӯран гирифта, ба немисҳо пешкаш намуданд.

Андрейкаю Анастасия Андреевна дар Белолутск дам гирифта, баъд роҳи деҳаи Лозовойро пеш гирифтанд ва вақти говгум ба он ҷо расиданд. Аз ин ҷо бешазори Кременский каме роҳ монда буд. Рӯзона ба беша рафтан хавфнок буд. Бинобар ин онҳо роҳашонро давом доданд. Шаб аз нисф гузашта, сардии қаҳратун, ки дар баъзе ҷойҳо барф то ба зону мерасид, роҳ гаштанро хеле душвор карда буд. Илова бар он, Андрейка Анастасия Андреевна дар кадом самти беша ҷо гирифтани партизанҳоро намедонистанд, дам ба тарафи чап ва дам ба тарафи рост мерафтанд. Ба сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, тӯфон бархост. Шамоли сахти барфомез роҳравандаро қариб аз пой меафтонд. Ҳамин тавр онҳо ғалтону хезон кӯр-кӯрона аз як дарахт то ба дарахти дигар расида, торафт ба дарунтари беша медаромаданд.

Шаб аз нисф гузашта, шамол каме суст шуд ва барф ҳам аз боридан монд. Лекин роҳ рафтан барои Анастасия Андреевнаи куҳансол душвортар гардиду

пешина
аз 349
навбатӣ