Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
тааҷҷуб кард. Вай мехост, ки аз дар баромада равад, вале пояш карахт шудагӣ барин аз ҷо намеҷунбид.
Ҳамин вақт Маруся палторо аз сараш гирифта, часта хест ва «мана ман, Андрейкаҷон!» гӯён фарёд кард.
Андрейка танҳо «А?!» гуфтанашро донисту халос. Маруся сари ӯро ба сандуқи дилаш зер кард, «укои ман, укаҷонакам» гӯён дам аз чакка ва дам аз рӯяш мебӯсид, сарашро сила мекард. Баъд Андрейкаро аз оғӯши худ раҳо карда, сар то қадами ӯро аз назар гузаронида гуфт:
- Қанд зан, Андрейка! Разведкачии асил! Ба ман аллакай гуфтанд...
Ба заминкан, Василий зада даромад ва гапи Маруся нотамом монд. Ҳамаи чашмҳо ба вай дӯхта шуданд. Василий хотирпарешон менамуд.
- Чӣ воқеа рӯй дод? - пурсид Кононенко.
Василий даррав ҷавоб дода натавонист, лаҳзае хомӯш истода сарашро хориду баъд гуфт:
- Ҳеҷ воқеа не... ба шумо гапи худам ҳаст, - вай ба Марусяю Андрейка рӯ овард: - Илтимос, ману командирро танҳо гузоред.
Маруся ва Андрейка аз заминкан баромаданду Василий телпакашро аз сараш гирифт.
-
Евдокия Осиповна омад... Анастасия Андреевна вафот кардааст.
-
О, бечора кампире, - гуфт Кононенко афсӯс хӯрда. - Ман ӯро ҳамроҳи Андрейка ба мукофот пешниҳод намуда, хурсанд кардан мехостам. Зинда намонд...
-
Андрейка ба Анастасия Андреевна дил баста буд, дар будани вай набудани модарашро ҳис намекард, - гуфт Василий телпакашро пӯшида, - барои ҳамин ҳам дар ҳузури Андрейка гап назадам...
-
Дуруст кардӣ, - гуфт Кононенко. - Ҳозир ду-се касро ҳамроҳи Евдокия Осиповна ба беша фиристон, бигузор кампирро дафн кунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо