Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр, маълумот ба партизанҳо расонда нашуд. Гап дар сари ин, ки дар лагери асирони ҳарбӣ қариб якуним ҳазор собиқ ҷанговарони шумо ҳастанд. Фашистон мехоҳанд, ки онҳоро ба ақибгоҳ баранд ва ё, агар ин кор ба онҳо муяссар нашавад, маҳв кунанд. Чӣ бояд кард? Шумо одамони ботаҷрибаед ва медонед, ки хоин ин хел ҷасурона муроҷиат намекунад. Баъд ин, ки ман немис ҳастам, инашро ҳам медонед, танҳо дар сару либоси гестапочӣ...

Марди ғӯлриш ва тануманде аввалин шуда ба гап сар кард:

  • Дида истодаам, ки ту - немис. Пештар ҳам ба ту зеҳн монда будам: ба гап заданат, ба рафторат... Одами хуб барин...

Марди дуюм:

  • Ба маълумотат, дина калонҳои шумо фармон доданд, ки ду паровози вайронро фавран таъмир кунем.

Шахси сеюм:

  • Бо таъмири вагонҳо бошад, худи асирони ҳарбӣ машғуланд.

Франс:

  • Баъд чӣ мешавад?

Марди ғӯлриш:

  • Паровозҳоро таъмир мекунем. Албатта.

Марди дуюм:

  • Бигузор фашистон асирони ҳарбиро ба вагонҳо шинонида ба ақибгоҳ бубаранд.

Франс:

  • Ва шумо бо ин розӣ ҳастед?

Марди ғӯлриш:

  • Илоҷи дигаре нест.

Марди сеюм:

  • Шояд дуртар аз ин ҷо озод кардани асирон осонтар гардад...

Коргарон ба якдигар нигоҳ карда гирифтанд. Франс фаҳмид, ки коргарони депо ҳам дар бораи озод кардани

пешина
аз 349
навбатӣ