Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

МАҚОЛАҲО

Воқеаи хеле муҳим

Дар нимаи дуввуми октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон Даҳрӯзаи адабиёти шӯравии рус гузаронда мешавад, ки ин дар ҳаёти адабии ҷумҳурӣ воқеаи хеле хурсандибахш хоҳад гардид.

Дар бораи адабиёти бои шӯравии рус сухан ронда, моҳияти умумиҷаҳонии онро қайд накарда гузаштан ҳаргиз мумкин нест. Нависандаи машҳури англис Ҷек Линдсей дар ин бора сухан ронда, навишта буд: «... шуури сотсиалистӣ равандҳои дигаргунии ҳам ҷамъият ва ҳам шахси ҷудогонаро инъикос намуда, ба ман дар бобати фаҳмида гирифтани ҳамаи муаммоҳои ҳаёти чӣ Иттиҳоди Шӯравӣ ва чӣ Британияи Кабир таъсир мерасонад. Ба ман ҳанӯз ягон бор ҳам муяссар нашудааст, ки ба адабиёти шӯравӣ барои равшанибахшии он миннатдории худро пурра баён кунам. Ман воқеияти равшанеро дарёфтам, ки ба он чӣ дар ҳаёт ва чӣ дар санъат кӯшиш мекардам ва аз ин вақт сар карда, ба ман чунин менамуд, ки дар ҳаёт беҳуда умр ба сар намебарам».

Ҷек Линдсей ягона нест. Бисёр шоиру нависандагони машҳури Ғарб моҳияти умумиҷаҳонии адабиёти шӯравии рус ва бузургу бешумор будани концепсияҳои сазовори реализми сотсиалистиро дар адабиёти шӯравии рус қайд кардаанд.

Таъсири адабиёти шӯравии рус дар рушди адабиёти халқҳои Ватани сермиллатамон, аз ҷумла тоҷикон ҳам хеле бузург аст. Инро сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ, шоири машҳур ва маъруф Мирзо Турсунзода ва дигарон ҳам борҳо қайд карда буданд. Чи тавре, ки котиби якуми Кумитаи

пешина
аз 349
навбатӣ