Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Чаро дурӯғ мегӯӣ?- ранҷид Шамсӣ. - Агар ҳеҷ чизро намедонистам, ба назди тахта бароварда мепур- сиданд.
  • Имрӯз напурсанд, фардо, албатта, мепурсанд,- гуфт Ҳошим.
  • Пурсидан гиранд! Ман дарсҳоямро тайёр накарда ба мактаб намеоям. Ана, мебинӣ, ман чӣ хел ҷавоб медиҳам!
    Шамсӣ ба қавлаш вафо накард... Ба ҷои он ки дарс тайёр кунад, тӯббозӣ ва мошинсаворӣ кард ва бегоҳӣ монда шуда, ба хона баргашт.
    Рӯзи дигар Қодирзода дафтарҳоро аз хонандагон ҷамъ намуда гирифт ва аз ҳама пеш Шамсиро ба назди тахта даъват кард.
    Шамсӣ беҷуръатона аз ҷояш хеста ба назди тахта омад ва ба саволҳои муаллим аз фанни арифметика ҷавоби дуруст дода натавонист. Ана, аз ҳамин рӯз сар карда, муаллим вайро зуд-зуд мепурсидагӣ шуд. Боре Қодирзода гуфт:
  • Имтиҳонҳо наздик омада истодаанд, ту бошӣ кӯ- шиш намекунӣ. Рафиқонат ҳам аз ту норозӣ. Охир, ту на фақат худат, балки тамоми синфро ба хиҷолат мононда истодай. Ин гапи муаллим ба Шамсӣ сахт таъсир кард. Вай ҳар рӯз дар вақти муайян аввал вазифаҳои хонагиро тайёр карда, баъд, албатта, китоби арифметикаро ба даст мегирифт ва дарсҳои гузаштаро ба хотир оварданӣ мешуд. Аммо бисёр чизҳо барои вай номафҳум менамуданд. Ба ӯ лозим буд, ки дарсҳои арифметикаро аз як сар такрор кунад.
    ... Дар имтиҳони якум аз фанни забони модарӣ Шамсӣ базӯр баҳои «3» гирифт ва тамоман рӯҳафто- да шуд. «Ба дадам чӣ мегӯям? - ба хотир овард ӯ.
  • Охир, ман ба он кас ваъда дода будам, ки фақат ба баҳои «4» имтиҳон месупорам. Агар аз арифметика «3» мегирифтам, ҳеҷ гап набуд».
пешина
аз 349
навбатӣ