Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Ана барои ҳамин ҳам мо адибони муҳтарами русро самимона пешвоз гирифта мегӯем: «Хуш омадед меҳмони азиз!
Ҳар гули мақсуд дар ин бӯстон,
Ҳаст нишони мадади дӯстдорон.
М. Шарқӣ.
Рӯзномаи «Маориф ва маданият»,
17 сентябри соли 1960.
Ҳафтаи адабиёти бачагона
Гузарондани ҳафтаи адабиёти бачагона дар тамоми мамлакат, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам анъана шудааст. Вохӯриҳои нависандагон бо хонандагони мактабҳо, фаъолони ташкилотҳои пионерию комсомолӣ, кормандони китобхонаҳои мактабӣ, инчунин шабҳои адабӣ, саволу ҷавобдиҳӣ ва дигар чорабиниҳое, ки дар давоми як ҳафта ба ин муносибат ташкил карда мешаванд, бо ҷӯшу хурӯш, пурмазмун ва завқовар мегузаранд. Ҳафтаи ба қарибӣ гузаштаи адабиёти бачагона ҳам, ки ин ба рӯзҳои таътили баҳоронаи мактаббачагон рост омад, чӣ ба нависандагон ва чӣ ба хонандагони хурдтараки онҳо-писару духтаракони мактабхон таассуроти хубе боқӣ гузошт. Нависандагон дар ҷамъомадҳо, шабҳои бадеӣ ва вохӯриҳо фикри хонандагонашонро дар бораи асарҳои худ аз забони худи онҳо шуниданд ва ба хулосае омаданд. Мактаббачагон аз он ҷиҳат хурсанд буданд, ки ба ҳафтаи адабиёти бачагона нағз тайёрӣ дида, намоишҳои бадеӣ ва ҷамъомадҳоро бо иштироки муаллифони асарҳо муташаккилона доир карданд, аз тарафи дигар бисёр чизҳои навро диданд ва шуниданд ва тасаввуроти худро ғанӣ гардонданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо