Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Исроилов ба муҳофизати пиёда аспро бароварда, гӯё кӣ тамоман ба бозӣ дода шуда бошад, ба Низом нигоҳ ҳам накард. Ин рафтори муаллим, ки бо чӣ анҷом ёфтани оқибати онро Низом ҳанӯз намедонист, ӯро боз зиёдтар ба ҳайрат овард. Вай ҳис намуд, ки сараш дард карда истодааст ва дилаш тез-тез мезанад.
Низом ҳам аспро гаштанӣ шуда, вале парешонҳолона фарзинро гирифта, ба яке аз хоначаҳои тарафи чап монд. Фақат баъд аз ин фаҳмид, ки бар хилофи фикри худ бозӣ карда истодааст. Вай ҳар қадар кӯшиш кунад ҳам, барои дур кардани ҳаяҷони худ чорае ёфта наметавонист. Шуураш ҳаминро талқин мекард, ки дар ҳузури рафиқонаш, гарчанде ки ин кор барои ӯ душвор бошад ҳам, ошкоро ва софдилона гуноҳашро ба гардан гираду дилаш ором ёбад. Ин буд, ки вай баъд аз ду гашти дигар пиёдаи зада гирифтаашро дар дасташ чарх занонда, ҳиҷолатмандона гуфт:
- Ман имрӯз бозӣ намекунам гуфта будаму боз...
Низом зуд хомӯш шуд, вале аз дил гузаронд: «Эҳ, агар муаллим медонистанд, ки ҳоло ман то чӣ андоза пушаймон ҳастам?».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё