Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Як бахши ҳикояҳои Мустафо Шарқӣ ба гузашта, аз ҷумла ба сарнавишти бачагии худи муаллиф ва кушода шудани мактабҳои нави шӯравӣ («Аз мактаби кӯҳна ба мактаби нав»), ҷангҳо ба муқобили босмачиён, озодии занон («Муаллими Сурайё») ва набардҳо бар алайҳи фашистон, дӯстии халқҳо («Кабӯтарони сулҳ», «Галяи мо», «Замбурӯғҳо») баҳс мекунанд. Нависанда аз маводди фаровону мавзӯъҳои мазкур ҳамон ҳодисаҳо ва ҷиҳатҳоеро нақл мекунад, ки албатта ба тасаввури бачагон наздиканд ё дар онҳо худашон иштирок доранд ва ё воқеаҳо аз зовияи диди эшон нақл кардаву баҳо дода мешавад.
Аксаран ин ҳикояҳо аз ҳайси дарунмоя пурмаънӣ садо медиҳанд ва ҳар чизе, ки аз назари поку беолоиш ва сидки рости кӯдакон ба қалам меояд, берун аз ҳар гуна сохтакорӣ мебошад. Масалан, дар ҳикояи «Кабӯтарони сулҳ» зоҳиран дар бораи шуғли муқаррарии кабӯтарбозӣ, ки хоси бачагон аст, нақл шудааст. Аммо маълум мешавад, ки дар маънии нав гирифтани ин завқи тоҷикписар - Ғаюр афсари сарҳадбони украин Юрий Наумов саҳм дошта ва ӯ ҳам ба ин ҳавас ба хотири ёде аз ҳамсоли дар ҷанги зидди фашистон қаҳрамонона ҳалок шудааш Горитсо унс гирифта будааст ва насли кабӯтарони ӯро ҳамроҳи худ ба Тоҷикистон низ овардааст.
Аз ҳама муҳимтар, кабӯтароне, ки Ғаюр бо онҳо бозӣ ва ба сарҳадбонон кӯмак мекунад, аз насли ҳамон паррандагонеанд, ки бо хуни Горитсо оғӯшта, хабари марги ӯро ба падараш Ходул Настаренко ва партизанҳо расонида буданд... Ва, табиист, ки бибии Ғаюр Ҳанифахола пас аз шунидани ин ҳаводис мутаассир гардида, аз чунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё