Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

«бозии» интихобкардаи наберааш қаноатманд мешавад ва хонандагонро бошад, воқеаҳои мазкур ба андешаҳои наҷибу ҷолибе мутаваҷҷеҳ месозанд. Ҳамчунин ҳикоёти ба мавзӯи ҷанг бевосита бахшида шуда аз ҷиҳати иштироки бачагон ба он ҷолиби диққат мебошанд. Мустафо Шарқӣ дар ин маврид як асари калонҳаҷме бо ҳамқаламии Нарзӣ Одил (ин ҳаммуаллифи низ дар ЭАС зикр нашудааст) навишт, ки «Таркиши охирин» ном дорад. Қиссаи мазкур аз ду бахш иборат буда, воқеаҳои он дар деҳаи Баровская мегузаранд, ки мардуми он аз хурд то бузург ба ҷанги партизанӣ гузашта, дар мубориза ба муқобили фашизм мардонагиҳо нишон медиҳанд. Аз ин байн сарнавишти ду кас — падар Степан Сабуров ва писараки навраси вай Андрейка мавриди тасвири муфассал қарор гирифтааст. Бахусус чеҳраи писарбачаи мактабхон Андрейка ҷолиб баромадааст: ӯ аслан муқобили ҷанг аст ва ҳангоми супориши охирин ҳам, ки иборат аз тарконидани объекти душман мебошад, ба андешае рафтааст, ки ин албатта таркиши охирин хоҳад шуд ва дигар ҳеҷ гоҳ ҷанг набояд такрор шавад. Вале ӯ замони иҷрои амалиёти мазкур худаш низ вафот мекунад. Ба ин маънӣ ҳам орзуи Андрейка ва ҳам марги фоҷиавии вай хонандаро ба андешаи қатъӣ мебаранд, ки инсоният минбаъд ба ҷанг барин як ҳодисаи харобиовар ва манҳус набояд роҳ диҳад. Ин мақсади асосии муаллифони қисса дар ҳама давру замон, бахусус барои мо тоҷикон, пураҳамият садо медиҳад...

Воқеан, аксари ҳикоёти ба гузашта бахшидаи Мустафо Шарқӣ дар шакли руҷӯъ ё ёдовари ва хотирот навишта шудаанд, яъне нависанда ҳангоми таълифи онҳо аз масъалаҳои зиндагии муосир мутаассир гашта, хостааст ҳам ҳаводиси таърихро пеши назар биоварад ва ҳам дар мисоли онҳо ба хонандагонаш

пешина
аз 349
навбатӣ