Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

меафтонд. Устошароф ба ҷои он ки бо таёқи заранги худ ба Хока ёрӣ дода, ӯро ба ҷанги зидди гургҳо рӯҳбаланд кунад, баръакс, аз фурсат истифода бурда, роҳи гурезро пеш гирифт.

Устошароф ба хонааш расида, худро ба сандалии гарм зад ва воқеаро ба аҳли оилааш ҳикоя карда дод. «Ман-ку халос шуда гурехтам, лекин вой бар ҳоли Хока, — эҳтимол, ӯро гургҳо пора-пора карда бошанду. Хайр-дия, ин саг нею саги дигар...» — мегуфт Устошароф.

Вай ҳанӯз гапашро тамом накарда буд, ки ба ҳавлӣ Хокаи аъзои баданаш хуншор даромада омад. Саг соҳибашро дар паси сандалии гарм орому хотирҷамъ дида, рост ба ӯ ҳамла кард ва раги гулӯи Устошарофро канда партофт. Баъд худаш аз хона берун баромада, дар паси дар ҷон дод.

Ба хубӣ-хубӣ, ба бадӣ-бадӣ гуфтаанд. Хока ҳам, ки ба Устошароф борҳо хубӣ карда, ӯро аз марг наҷот дода буд, ин дафъа кирдори ношоистаи соҳибашро авф карда натавонист ва пеш аз марги худ ӯро низ ба ҳалокат расонд.

Саг дӯсти содиқи одам аст ва ба садоқатмандии вай бо садоқатмандӣ ҷавоб гардондан зарур аст.

ОҚИБАТИ ЧӮҶАИ ГАПНОДАРО

Дар хонаи ҳамсояи мо мурғи холдоре буд. Вай ёздаҳ ҷӯҷа дошт. Даҳтояш солиму фарбеҳ, гаправу гапдаро, вале ёздаҳумаш ҷӯҷаи ношуд, якраву гапнодаро буд, ҳамеша аз хоҳарону бародаронаш ақиб мемонд, дони модараш ёфтадодаро намехӯрд.

Боре бегоҳирӯзӣ ҷӯҷа аз паи кадом як шабпарак даводав карда, аз хоҳарону бародаронаш ҷудо

пешина
аз 349
навбатӣ