Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хонданМан сурх шудам, ки ин сабаб дошт. Боре (ин чандин сол пеш, дар хурдсолиам, рӯй дода буд) мо, бачагон, дар лаби ҷӯй мори хурдеро дида мондем. Ҷӯраҳоям худро ба канор гирифта, ба ман мегуфтанд:
- Морро зан, морро!... Ман гумон надоштам, ки он мори хурд ба ман зараре расонда метавонад, бинобар он бо дасти бараҳна морро дошта гирифтайӣ шудам. Дар ҳамин вақт касе аз гиребонам гирифт ва ба рӯям як тарсакӣ зад. - Чӣ, ҳалок шудан мехоҳӣ? - гуфт он шахс. - Мор хурд бошад ҳам, заҳр зада метавонад... Он шахс Устохайрулло буд.
Устохайрулло ба тарафи осиё рафтаӣ буд, ки Аҳмад ном ҷавоне пеши роҳи ӯро гирифт. - Усто-гуфт ҷавон, - афсун кардани морро ба ман ёд диҳед, ман мехоҳам, ки шумо барин шавам...
Устохайрулло ба рӯи гандумгуни он ҷавони қоқина дақиқае синча карда истоду баъд гуфт: - Ҳар кас морбоз шуда наметавонад. Иродаи ин гуна одамон аз иродаи дигарон фарқ мекунад.
- Раваду ин гуна ирода дар ман бошад, - гуфт он ҷавон.
- Мумкин, - ҷавоб дод Устохайрулло. - Ба ҳар ҳол санҷидан даркор.
Баъд аз ин Устохайрулло ба Аҳмад иҷозат медод, ки ҳар рӯз қуттии морро ба ҷои офтобрӯя гузошта, сарпӯшашро гирифта монад. Дар даруни қуттӣ як кулӯхи калон гузошта шуда буд ва мор онро лесида, печу тоб хӯрда хоб мекард. - Бо химча оҳиста тела деҳ, - мегуфт Устохайрулло ба Аҳмад. Аҳмад супориши Устохайруллоро ба ҷо меовард ва мори айнакдор сарашро баланд бардошта, дам ба дам забонашро бароварда меистод.
Аз байн якчанд рӯз гузашт. Боре Устохайрулло ба Аҳмад гуфт: - Ман ба хона меравам, ту сарпӯши қуттиро гирифта, морро дар офтоб соате нигоҳ дор. Аҳмад хуб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё